Қайдномаи шартгузориҳои варзиширо барои чӣ нигоҳ дошт?
Қайдномаи шартгузориҳо барои бозингар чӣ фоида дорад?
Бозингарони ботаҷриба на танҳо ҳисоб кардани натиҷаи вохӯрӣ ва муайян кардани андозаи шартгузорӣ, балки нигоҳ доштани омори шартбандиҳои бозидашударо низ тавсия медиҳанд. Бурд ва бохтҳо ба шартгузор имкон медиҳанд, ки дурустии стратегияи худро бисанҷад, хатогиҳоро пайдо кунад ва барои зиёд кардани шумораи бурдҳо ба ислоҳот муроҷиат кунад.
Ҳамин тариқ, бо ёрии қайдномаи шартбандиҳо бозингар метавонад:
- Шартгузориҳоро пайгирӣ кунад. Пас аз гузоштани шартбандӣ метавон маълумотро дар бораи санаи шартгузорӣ, намуди варзиш, бозӣ, пешгӯӣ, коэффисиент, маблағи шартгузорӣ, натиҷа ва ғайра сабт кард. Намунаи ҷадвалро бо майдонҳо барои ҷамъоварии маълумот дар боби оянда баррасӣ хоҳем кард.
- Барои моҳ/семоҳа ҳадаф гузорад. Агар бозингар нақша дошта бошад, ки дар давоми як моҳ бо кардани 60 шартгузорӣ 50 бурд ба даст орад, пас дар роҳи расидан ба он метавон иҷрошавии ҳадафро ба осонӣ назорат ва ислоҳ кард.
- Шартбандиҳоро таҳлил кунад. Ҳар як шартгузории бохта ва бурднокро низ бояд ба таври муфассал дида баромад ва дарк кард, ки иштибоҳ дар чист. Таҳлил барои кам кардани такрори вазъияти монанд дар оянда мусоидат мекунад.
- Шарҳҳо ворид кунад. Бозингар метавонад шарҳи худро дарҷ кунад, ки пас аз якчанд вақт барои ба ёд овардани асли рӯйдод кӯмак мекунад. Инчунин барои шартгузор мубодилаи маълумот бо ҳамкасбон ё гирифтани маслиҳат аз онҳо нисбати бозиҳои муайяни варзишӣ осон хоҳад буд.
Қайдномаи шартбандиҳо барои навёдгирон ниҳоят даркорӣ мебошад. Ба воситаи он бозингар метавонад ба таври ретроспективӣ (таърихӣ) баҳо диҳад, ки ӯ дар гузашта чӣ амали дуруст ё чӣ хато кардааст. Ин маълумот бебаҳо мебошад, зеро он тадриҷан тафаккури бозингарро дар бораи шартбандӣ «бурро мекунад» ва барои ба сатҳи ниҳоят касбӣ бардоштани шартгузорӣ мусоидат мекунад.
Қайдномаи шартгузориҳои варзишӣ чӣ намуд дорад?
Ҳар як бозингар метавонад ба тартиб додани қайдномаи шартгузориҳо ҷудогона машғул шавад. Муҳим он аст, ки дар ҷадвал бояд маълумоте бошад, ки ба шартгузор барои баланд бардоштани муваффақияти ӯ кӯмак кунад.
Мо ба қайдномаи шартбандиҳои варзишӣ дохил кардани майдонҳои зеринро тавсия медиҳем:
- Рақами шартгузорӣ.
- Санаи баргузории бозӣ.
- Намуди варзиш.
- Мусобиқа: номи лига ё чемпионат.
- Бозӣ: номи дастаҳо ё варзишгарон.
- Пешгӯии бозингар барои бозӣ.
- Коэффитсиенти даста ё варзишгари интихобшуда.
- Номи букмекер (агар бозингар аз хидматҳои якчанд ширкат истифода барад).
- Маблағи шартгузорӣ.
- Натиҷаи бозӣ.
- Маблағи бурд.
- Шарҳ (барои дохил кардани қайдҳо).
Ҷамъоварии чунин маълумот дар ҷадвалҳои Microsoft Excel ё Google Sheets қулай мебошад. Бозингар метавонад барои ҳисобкунии автоматии натиҷаҳо формула илова кунад, нишондоди бозгашти сармоягузориро (ROI) барои шартгузорӣ ҳисоб кунад ва ғайра, бе иҷро кардани ҳамаи ин амалиётҳо ба таври дастӣ. Инчунин филтрҳо як опсияи муфид мебошанд, ки ҷудо кардани рӯйдодҳоро мувофиқи меъёрҳои гуногун имкон медиҳанд: аз рӯи сана, намуди варзиш, бурдҳо ва дигарон.
Шояд ба навёдгирон чунин намояд, ки пур кардани ин гуна ҷадвал сарфи беҳудаи вақт мебошад. Лекин набояд шитобон хулоса баровард. Бо шартгузории ҳаррӯза ворид кардани маълумот ба ҷадвал 5-10 дақиқаро мегирад (вобаста ба шумораи рӯйдодҳо), аммо дар оянда ба бозингар имкон медиҳад, ки омори бурдҳоро беҳтар ва пулро сарфа кунад.
Инчунин хонед
Андозаи шартгузории варзиширо кай бояд зиёд кард?
Вақти зиёд кардани андозаи шартгузорӣ Дар дарсҳои қаблӣ, мо аз хонандагон хоҳиш кардем, ки дар…
Қайдномаи шартгузориҳои варзиширо чӣ гуна таҳлил кард?
Қайдномаи шартбандӣ барои бозингар чӣ аҳамият дорад? Агар бозингар ҳадафи шартгузори ботаҷриба шуданро гузошта бошад,…
ROI дар шартгузории варзишӣ чист ва чӣ гуна онро чен кард?
Дар шартгузорӣ ба варзиш нишондиҳандаи ROI чист? Ҳар як бозингаре, ки ба варзиш шартгузорӣ мекунад,…
Психологияи шартгузорӣ: кадом қадамҳо бозингарро ба комёбӣ мебаранд?
Ба муваффақияти шартгузорӣ чӣ таъсир мерасонад? Дар тӯли ҳама дарсҳои мо сухан дар бораи дониш,…
Психология дар шартгузории варзишӣ чӣ нақш мебозад?
Психология дар шартгузориҳои варзишӣ Бисёре аз бозингарон ба шартгузорӣ ҳамчун як навъ хобби ё фароғат…
Шартгузории муваффақ ба варзиш ва назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият ба варзиш чӣ гуна таъсир мерасонад? Ҳама гуна рӯйдодро аз нуқтаи назари назарияи…