Андозаи дурусти шартгузориро чӣ тавр интихоб кард?
Барои шартгузории варзишӣ чӣ қадар маблағ ҷудо кард?
Барои ҳар як навёдгир муҳим аст, ки тарзи муайян кардани андозаи шартбандии варзиширо ёд гирад. Шартгузорӣ ба маблағи калон метавонад, дар сурати як қатор бохт зуд бонки бозингарро холӣ кунад, ва нисбати шартбандии варзишӣ ноумед кунонад. Аз тарафи дигар, мизоҷ бо кардани шартгузориҳои хурд вақти зиёди худро сарф мекунад ва наметавонад фоидаи хуб ба даст орад. Бинобар ин, барои шартгузорӣ бояд чунин андозаеро муқаррар кард, то ки аз як қатор натиҷаҳои нобарор эмин буд ва ҳамзамон сармояи худро зуд афзоиш дод.
Бинобар ин, андозаи шартгузорӣ дар асоси якчанд меъёр муайян карда мешавад:
- Таҷрибаи бозингар. Агар мизоҷ қадамҳои худро дар шартбандии варзишӣ навакак оғоз карда бошад, таваккал кардан даркор нест. Беҳтараш бо шартгузориҳои хурд оғоз кард. Як қоидаи оддиро дар хотир доред: оҳиста равӣ, дуртар хоҳи буд.
- Рӯйдоди мушаххас. Вақте ки варзишгар ё дастаҳои қавӣ дар вохӯрие рақобат мекунанд, ки натиҷааш равшан нест, набояд шартгузории калон кард. Аммо дар он вохӯриҳое, ки бозингар ба пирӯзии яке аз иштирокчиёни мусобиқа боварӣ дорад, метавон андозаи шартгузориро зиёд кард. Бо вуҷуди ин, таваккал кардан лозим нест. Мо дар бораи хатогиҳои маъмули шартгузорӣ дар яке аз дарсҳои сатҳи дуюми мактаб гуфта будем.
- Бонки мавҷудбуда. Чӣ қадаре ки мизоҷ барои шартгузорӣ маблағи бештар дошта бошад, ҳамон қадар андозаи шартбандии варзишӣ метавонад зиёдтар бошад. Мо дар бораи ташаккули маблағи шартгузорӣ дар мақолаи гузашта сухан ронда будем.
Пас аз таҳлили се меъёри дар боло тавсифшуда, мизоҷ метавонад доир ба интихоби андозаи шартгузории худ қарор қабул кунад. Ин маблағ инфиродӣ хоҳад буд.
Стратегияи молиявӣ ё гувоҳии дил?
Дар шартбандӣ навёдгирон қадамҳои худро аксар вақт бо шартгузориҳои беихтиёрона оғоз мекунанд. Тавре ки дар дарсҳои қаблӣ аллакай баён карда шуд: бахти навкорон — омад мекунад. Бинобар ин, гувоҳии дил, ки бо ҳардамхаёлӣ афзоиш ёфтааст, аксар вақт ба гирифтани пулҳои осон оварда мерасонад. Аммо, фирефта нашавед. Шартгузорӣ — танҳо аз барои иқбол нест, балки математикаи соф мебошад, ки формула ва стратегияҳои худро дорад. Агар ҳамаи шартгузорони ботаҷриба пурсида шаванд, ҳар кадоми онҳо сирри худро дорад, ки ба гирифтани бурди арзанда ва мағлуб кардани ширкатҳои букмекерӣ имкон медиҳад.
Бо ҳисоб кардани банкролли худ, мизоҷ метавонад барои шартгузории ҳаматарафа андозаи тахминиро муайян кунад. Баъд аз он, мувофиқи банди қаблӣ ба рӯйдод назар кардан лозим аст. Таҳлили муфассали бозиҳои пештараи иштирокчиёни мусобиқа имкон медиҳад, ки ғолиби вохӯриро аниқтар муайян кунед. Пас аз шиносоӣ бо коэффисиент ва бонусҳои ширкат, метавон стратегияи шартгузорӣ ва андозаи худи онро интихоб кард.
Чунин ҳисобкунӣ ҷудогона анҷом дода мешавад. Стратегияҳоеро, ки бозингарони дигар дар блог ё форумҳои худ тавсиф кардаанд, кӯр-кӯрона нусхабардорӣ кардан лозим нест. Ҳатто бо нокомии талх дуруст ҳисобу тахмин карданро мустақилона ёд гирифтан зарур аст. Ва муҳимтарин қоидаро дар хотир нигоҳ доред: шартбандиро танҳо вақте гузоред, ки ба 100% дуруст ҳисоб карда шудани ҳама чиз боварӣ доред.
Инчунин хонед
Андозаи шартгузории варзиширо кай бояд зиёд кард?
Вақти зиёд кардани андозаи шартгузорӣ Дар дарсҳои қаблӣ, мо аз хонандагон хоҳиш кардем, ки дар…
Қайдномаи шартгузориҳои варзиширо чӣ гуна таҳлил кард?
Қайдномаи шартбандӣ барои бозингар чӣ аҳамият дорад? Агар бозингар ҳадафи шартгузори ботаҷриба шуданро гузошта бошад,…
ROI дар шартгузории варзишӣ чист ва чӣ гуна онро чен кард?
Дар шартгузорӣ ба варзиш нишондиҳандаи ROI чист? Ҳар як бозингаре, ки ба варзиш шартгузорӣ мекунад,…
Психологияи шартгузорӣ: кадом қадамҳо бозингарро ба комёбӣ мебаранд?
Ба муваффақияти шартгузорӣ чӣ таъсир мерасонад? Дар тӯли ҳама дарсҳои мо сухан дар бораи дониш,…
Психология дар шартгузории варзишӣ чӣ нақш мебозад?
Психология дар шартгузориҳои варзишӣ Бисёре аз бозингарон ба шартгузорӣ ҳамчун як навъ хобби ё фароғат…
Шартгузории муваффақ ба варзиш ва назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият ба варзиш чӣ гуна таъсир мерасонад? Ҳама гуна рӯйдодро аз нуқтаи назари назарияи…