Шартгузории варзишӣ чист?
Ташаккули бозори шартгузориҳои варзишӣ
Шартгузории варзишӣ аз замонаҳои қадим вуҷуд дорад, вақте ки одамон дарк карданд, ки ба натиҷаи рӯйдодҳои мушаххас шартбандӣ кардан мумкин аст. Дар Элладаи Қадим шартбандиҳо ба натиҷаи Бозиҳои олимпӣ, дар давлати Рум бошад — ба пирӯзии фойтунчиён ва гладиаторҳо маъмул буданд. Лекин, шартбандии варзишӣ ҳамчун як соҳаи алоҳида танҳо дар асри XIX, вақте ки ширкатҳои букмекерӣ дар Англия пайдо шуданд, ташаккул ёфтааст.
Шартгузорӣ ба варзиш айни замон як соҳаест, ки дар тамоми ҷаҳон босуръат рушд карда истодааст. Даромади ширкатҳои букмекерӣ миллиардҳо долларро ташкил медиҳад, ки қисме аз он барои пардохти андозҳо сарф мешавад. Бинобар ин, давлатҳое, ки фаъолияти букмекерҳоро қонунӣ кардаанд, ҳамасола хазинаи худро аз ҳисоби шартгузориҳои варзишӣ бо миллионҳо доллар пур мекунанд. Ва он кишварҳое, ки фаъолияти муассисаҳои қиморро манъ кардаанд ва ё то ҳол қонунҳои дахлдорро қабул накардаанд, имкони пур кардани буҷаи худро аз даст медиҳанд. Илова бар ин, онҳо наметавонанд худро аз тамоюли ҷаҳонии афзоиши шумораи қиморбозон дар кишварҳои худ ҳифз кунанд. Ба ин паҳншавии Интернет мусоидат карда, ба шартбандӣ дар сайти букмекерҳои хориҷӣ имкон медиҳад.
Тибқи як тадқиқоти портали Statista, соли 2020 ними сокинони аз 18-сола боло дар ИМА ҳадди аққал як шартгузорӣ ба варзиш кардаанд. Дар саросари ҷаҳон ин нишондод ба 20% баробар аст, яъне ҳар панҷумин калонсол дар рӯи замин шартбандӣ мекунад. Дар давоми соли 2020, дар робита бо пандемияи COVID-19, шартбандиҳо ҳарчи бештар дар Интернет карда шудаанд. Бино ба ҳамин портали Statista, ин беш аз 30% ҳамаи шартгузориҳо мебошад.
Афзоиши маъруфияти шартгузорӣ ба варзиш
Шартгузорӣ ба рӯйдодҳои варзишӣ дар байни қиморбозон ҳарчи бештар маъмул шуда истодааст. Ин натиҷа ба шарофати омилҳои зиёде имконпазир гардид. Аввалан, тотализаторҳои варзишӣ ва букмекерӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон на камтар аз як садсола таърих доранд. Дуюм, фаъолияти чунин муассисаҳо нисбат ба ҳамон казино ва толори дорои слотҳо бештар иҷозат дода мешавад. Сеюм, букмекерҳо дастаҳои варзишӣ ва ҳатто тамоми чемпионатро сарпарастӣ мекунанд. Чаҳорум, варзишгарони маъруф ва ситораҳои шоу-бизнес сафири шартгузориҳои варзишӣ мешаванд. Ҳамин тавр, актёри Ҳолливуд Микки Рурк бо Мелбет ва собиқ муштзан Майк Тайсон бо Париматч ҳамкорӣ мекунанд. Ва ниҳоят, панҷум, дастрасии шартгузориҳои онлайн ба мизоҷ имкон медиҳад, ки аз ҳар ҷое, ки пайвасти интернетӣ дорад, шартбандӣ кунад.
Бештар ва бештари букмекерҳо ба кор бо қиморбозон дар онлайн шурӯъ карда истодаанд. Тавре қаблан зикр гардид, пандемияи коронавирус ба маъруфияти вебсайтҳо мусоидат кард. Акнун, пас аз он ки мизоҷон қобилияти таҳлил ва гузоштани шартҳоро аз телефон ё компютер қадр карданд, бозори шартбандиҳои варзишӣ боз ҳам серҳаракат дар самти пешниҳоди хидматҳо тавассути Интернет инкишоф меёбад. Бинобар ин, бозингарон дар онлайн боз ҳам бештар порталҳои қиморбозӣ, рӯйдодҳои гуногун ва бонусҳо пайдо мекунанд.
Навкороне, ки бо шартгузориҳои варзишӣ ошно нестанд, онро ҳамчун роҳи осони пул кор кардан медонанд. Дар ҳақиқат, ҳар як шартгузор метавонад дар шартбандӣ муваффақ шавад. Аммо, муваффақият интизом, сабр ва омодагӣ ба омӯзишро талаб мекунад. Албатта, омӯзиши касбиро метавон бо пардохти пул гирифт. Аммо мо кӯшиш мекунем, ки ба хонандагон дар фаҳмидани асосҳои шартбандии варзишӣ кӯмак расонем ва дар бораи нозукиҳои шартгузорӣ гуфта диҳем. Мақсади курс кӯмак ба шурӯъкунандагон ва ҳатто бозингарони пешрафта дар кардани шартгузориҳое мебошад, то ки фоидаи дарозмуддати тақрибан 8-10% ба даст оранд. Агар хоҳед, ки аз шартбандӣ пул кор кунед, мо шуморо ба мавзӯи навбатии мактаби шартгузории мо даъват мекунем.
Инчунин хонед
Андозаи шартгузории варзиширо кай бояд зиёд кард?
Вақти зиёд кардани андозаи шартгузорӣ Дар дарсҳои қаблӣ, мо аз хонандагон хоҳиш кардем, ки дар…
Қайдномаи шартгузориҳои варзиширо чӣ гуна таҳлил кард?
Қайдномаи шартбандӣ барои бозингар чӣ аҳамият дорад? Агар бозингар ҳадафи шартгузори ботаҷриба шуданро гузошта бошад,…
ROI дар шартгузории варзишӣ чист ва чӣ гуна онро чен кард?
Дар шартгузорӣ ба варзиш нишондиҳандаи ROI чист? Ҳар як бозингаре, ки ба варзиш шартгузорӣ мекунад,…
Психологияи шартгузорӣ: кадом қадамҳо бозингарро ба комёбӣ мебаранд?
Ба муваффақияти шартгузорӣ чӣ таъсир мерасонад? Дар тӯли ҳама дарсҳои мо сухан дар бораи дониш,…
Психология дар шартгузории варзишӣ чӣ нақш мебозад?
Психология дар шартгузориҳои варзишӣ Бисёре аз бозингарон ба шартгузорӣ ҳамчун як навъ хобби ё фароғат…
Шартгузории муваффақ ба варзиш ва назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият ба варзиш чӣ гуна таъсир мерасонад? Ҳама гуна рӯйдодро аз нуқтаи назари назарияи…