Психологияи шартгузорӣ: кадом қадамҳо бозингарро ба комёбӣ мебаранд?
Ба муваффақияти шартгузорӣ чӣ таъсир мерасонад?
Дар тӯли ҳама дарсҳои мо сухан дар бораи дониш, амалия, муносибат ва дар натиҷа — андухтани таҷриба мерафт. Ҳар қадаре ки бозингар шартгузориҳои бештари варзишӣ карда бошад, ҳамон қадар эҳтимоли дуруст ҳисоб кардани натиҷаи бозӣ ва бурди шартбандӣ зиёд мешавад. Дар дарси қаблӣ мо дар бораи он, ки чӣ тавр машҳуртарин шартгузорон дониши математикиро барои ташкили стратегияҳои худ истифода мекарданд, навишта будем. Ба ғайр аз формулаҳо, эътимод ба худ низ ба бозингарон кӯмак мекард. Ҳамаи ин имкон дод, ки дар шартгузориҳои варзишӣ ба натиҷаи бузург ноил гарданд.
Ҷанбаҳои дар боло зикршудаи шартбандӣ аз ҷониби психологияи шартгузорӣ омӯхта мешаванд. Қобилияти идора кардани ақли худ, гирифтани маълумоти нав ва машқ (амалия) — ҳамаи ин ба муваффақияти шартгузорӣ таъсир мерасонад. Ва азбаски мафҳуми психологияи шартгузорӣ хеле васеъ аст, 5 қадами асосиро омода кардем, ки ба шурӯъкунанда барои муваффақ шудан кӯмак мекунанд.
Муайян кардани ҳадаф дар шартгузории варзишӣ
Қадами аввалине, ки ҳар як бозингар бояд анҷом диҳад, ин гузоштани ҳадафест, ки барои он кӯшиш мекунад. Агар шартбандӣ барои бозингар боҳаловат бошад, пас шояд худро бо маводҳо ташвиш надода, як стратегияи оддӣ кардан лозим аст? Ва барои он бозингароне, ки мехоҳанд кордон шаванд, омӯзиш ва тамрини бештар зарур аст. Дар ин бора мо дар дарси гузашта гуфта будем.
Дар шартбандӣ ҳадаф бояд чӣ гуна бошад? Ниҳоят муфассал ва фаҳмо барои бозингар. Масалан, «Ман мехоҳам бозингаре шавам, ки дар давоми шаш моҳи оянда аз шартгузорӣ даромад мегирам. Ҳадафи ман даромади ҳарҳафтаинаи 1000 доллар аст» ё «Ҳадафи ман ин аст, ки бо кардани шартгузорӣ дар мавсими футболи 2021 ҳадди аққал 5000 доллар ба даст орам.» Ҳамин тариқ, пас аз муайян кардани ҳадаф, бозингар метавонад ба сӯи татбиқи он ҳаракат кунад.
Умедвориҳои амалӣ аз шартгузорӣ
Муайян кардани ҳадафҳо дар шартгузорӣ воқеан муҳим аст. Аммо, бозингар бояд дарк кунад, ки умедвориҳои аз ҳад баланд ва ҳадафҳои душвор метавонанд ба дилхунукӣ оварда расонанд. Агар шартгузор ба сӯи орзуи худ оҳиста ҳаракат кунад, метавонад аз он даст кашад. Ба қуллаҳои хурд баромадан ба бозингар имкон медиҳад, ки ба сӯи Эверести худ қадам занад. Бинобар ин, барои қаноатмандӣ аз дастовардҳо ба шартгузорон тавсия медиҳем, ки ҳадафи худро ба зерҳадафҳое тақсим кунанд, ки паси сар кардани онҳо осонтар шавад.
Вақте ки барои расидан ба ҳадаф умедвориҳои дурандешона дуруст истифода мешаванд, онҳо ҳамчун ангезаи мусбӣ хидмат мекунанд. Ҳангоме, ки бозингар ба ҳадафи мобайнӣ мерасад, ин як ҳавасмандии рӯҳӣ барои пеш рафтан хоҳад буд.
Оид ба мавзӯи умедвориҳо дар шартгузории варзишӣ мисоли мунозира меоварем. Инак, бозингар мехоҳад аз шартбандӣ даромад ба даст орад ва онро якбора бо музди асосӣ иваз кунад. Мақсад равшан аст, аммо барои навёдгирон мушкил хоҳад буд. Дар ин ҳолат бояд реалист буд ва кӯшиш кард, ки дар давоми як сол 20%-и даромади музди муқаррариро ба даст овард. Ин як зерҳадафи ноилшаванда хоҳад буд, ки ба ҳадафи мобайнии навбатӣ гузаштан имкон медиҳад.
Маҳорати қабул кардани хатогиҳо ва аз онҳо омӯхтан
Ҳама бозингарон хато мекунанд. Албатта, фоизи он дар байни шартгузорони ботаҷриба нисбат ба навёдгирон камтар аст. Аммо чунин бозингаре нест, ки ба букмекер бой надода бошад. Бинобар ин, аз ҳар як нокомӣ бисёр зиқ шудан даркор нест. Баръакс, бохт ин фурсатест барои стратегияи худро аз паҳлу нигоҳ кардан ва камбудиҳои онро фаҳмидан.
Қадами муҳим барои ҳар як шартгузор — аз талафот омӯхтан аст. Тавре мегӯянд, аз хатогиҳои худ метавон дарс гирифт. Аз ин рӯ, шартбандии нобарорро бояд то ҳадди имкон муфассал таҳлил кард, ва фикр кард, ки чӣ гуна дар оянда ҳисобҳои нодурустро пешгирӣ карда, стратегияро муносиб кардан мумкин аст. Фақат дар ҳамин сурат бозингар ба савияи касбӣ расида метавонад.
Як мисоли коркарди хатогиҳо меоварем. Масалан, бозингар ба силсилаи бохтҳо дучор мешавад ва фикр мекунад, ки вай метавонад бо роҳи шартгузории бештар ва зиёд кардани маблағи он зарари худро ҷуброн кунад. Ин қарори нодуруст аст. Дар чунин ҳолат бозингар амалҳои беихтиёрона мекунад. Беҳтараш аз шартгузориҳои нав даст кашад. Баъд аз чанд рӯз вазъиятро бояд таҳлил кард ва пас аз фаҳмидани он, ки нокомӣ бо чӣ алоқаманд аст, метавон ба варзиш шартбандии нав гузошт.
Фаҳмиши он ки муваффақият дарҳол ба даст намеояд
Бисёре аз навёдгирон мехоҳанд, ки даррав аз шартгузории варзишӣ бурди калон ба даст оранд. Аммо, пас аз нокомиҳои аввал ноумедӣ меояд. Дар чунин ҳолат бояд худро барои расидан ба ҳадафи гузошташуда омода кард. Ва агар дар ин роҳ нокомиҳо пеш оянд, таслим шудан даркор нест. Танҳо он бозингароне, ки монеаҳоро паси сар карда тавонистанд, ба ҳадаф мерасанд.
Инчунин бояд дарк кард, ки зуд сарватманд шудан хеле душвор аст. Дар аксарияти мавридҳо ин нақша кор намекунад. Бинобар ин, дар шартгузорӣ худро ба кори дарозмуддат омода сохтан лозим аст. Дар хотир доред, ки муваффақият дар шартбандии варзишӣ саъю кӯшиш ва вақти зиёдро талаб мекунад.
Боварӣ ба орзуи худ
Ва қадами охирин дар роҳи муваффақият ин боварии бозингар ба орзуи худ аст. Новобаста аз он, ки шартгузор дар назди худ чӣ мақсад гузоштааст, ӯ бояд ба комёбшавии он бовар кунад. Танҳо дар ин ҳолат бозингар метавонад ниҳоят кӯшиш кунад ва ба муваффақият ноил шавад.
Эътиқод ба худ як омили хеле муҳим аст. Мо аллакай дар дарсҳои қаблӣ дар бораи ин мавзӯъ гап зада будем. Мо танҳо мехоҳем хотиррасон кунем, ки агар бозингар шубҳа кунад, ки зӯраш намерасад, пас мавҷудияти дониш ва малака метавонад таъсире надошта бошад. Масалан, аз шартгузорӣ ба даст овардани 1000 доллар даромад дар як семоҳа. Бинобар ин, орзуи худро тасаввур карда, ба сӯи он ҳаракат кардан лозим аст. Ин ягона роҳи расидан ба ҳадаф мебошад.
Умедворем, ки маслиҳати мо муфид буд ва шумо ба психологияи шартгузорӣ дигар хел назар мекунед.
Инчунин хонед
Андозаи шартгузории варзиширо кай бояд зиёд кард?
Вақти зиёд кардани андозаи шартгузорӣ Дар дарсҳои қаблӣ, мо аз хонандагон хоҳиш кардем, ки дар…
Қайдномаи шартгузориҳои варзиширо чӣ гуна таҳлил кард?
Қайдномаи шартбандӣ барои бозингар чӣ аҳамият дорад? Агар бозингар ҳадафи шартгузори ботаҷриба шуданро гузошта бошад,…
ROI дар шартгузории варзишӣ чист ва чӣ гуна онро чен кард?
Дар шартгузорӣ ба варзиш нишондиҳандаи ROI чист? Ҳар як бозингаре, ки ба варзиш шартгузорӣ мекунад,…
Психология дар шартгузории варзишӣ чӣ нақш мебозад?
Психология дар шартгузориҳои варзишӣ Бисёре аз бозингарон ба шартгузорӣ ҳамчун як навъ хобби ё фароғат…
Шартгузории муваффақ ба варзиш ва назарияи эҳтимолият
Назарияи эҳтимолият ба варзиш чӣ гуна таъсир мерасонад? Ҳама гуна рӯйдодро аз нуқтаи назари назарияи…
Шартгузории пеш аз бозӣ ва зинда: дар куҷо коэффисиентҳо беҳтаранд?
Шартгузории пеш аз бозӣ ба варзиш Тавре ки қаблан зикр гардид, барои шурӯъкунанда муҳим аст,…